LIVE

Иштироки мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи «ҶОМИ РУШД-2024»

Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 таҳти роҳбарии Далер Каёсов дар мусобиқаи анъанавии байналмилалии «Ҷоми рушд-2024» ширкат мекунад.

Дар «Ҷоми рушд-2024», ки аз 18 то 24 феврал дар Минск баргузор мешавад, ҳашт даста ширкат мекунад. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар гурӯҳи «Б» бо дастаҳои Русия (U-17), Беларус (U-16) ва Қазоқистон (U-16) нерӯ месанҷад. Дар чаҳоргонаи «А» дастаҳои Беларус (U-17), Русия (U-16), Ӯзбекистон (U-17) ва Озарбойҷон (U-16) бозӣ мекунанд.

Тибқи низомномаи мусобиқа дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо аз рӯи системаи даврӣ дар як давр рақобат мекунанд. Ғолибони гурӯҳ дар финал бо ҳам вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Инчунин барои зинаҳои 5-6 ва 7-8 рақобатҳои тасаллобахш баргузор мешаванд.

Барои мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) ширкат дар мусобиқаи Минск яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба даври интихобии Ҷоми Осиё-2025 мебошад, ки имсол аз 19 то 27 октябр доир мешавад.

🏆 Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2024» дар Минск
✔️ Гурӯҳи «А»
🇧🇾 Беларус (U-17)
🇷🇺 Русия (U-16)
🇺🇿 Ӯзбекистон (U-17)
🇦🇿 Озарбойҷон (U-16)

✔️ Гурӯҳи «Б»
🇧🇾 Беларус (U-16)
🇷🇺 Русия (U-17)
🇰🇿 Қазоқистон (U-16)
🇹🇯 ТОҶИКИСТОН (U-16)

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив