LIVE

Қаҳрамони ҷаҳон аз Аргентина ба «Фиорентина» мегузарад

«Фиорентина» нияти имзокунии шартнома бо нимҳимоягари тими «Атланта Юнайтед» ва мунтахаби Аргентина Тяго Алмада мебошад.  Дар ин бора Football Italia хабар медиҳад.
Бино ба маълумоти манбаъ намояндагони «бунафшарангҳо» аллакай фурсат пайдо карданд, ки бо тими амрикоӣ баҳри баррасии гузариши эҳтимолии футболбози 22-сола ба иртибот бароянд. «Аталанта» баҳри бозигари ҳуҷумкори хеш  қариб 25 млн евро пурсон шудааст, вале «Фиорентина» то ҳол омода нест, ки чунин миқдор маблағ масраф кунад. Қайд карда мешавад, ки худи бозигар дар гузариш ба  Серияи А иштиёқманд аст.
Алмада дар ҳайати «Атланта Юнайтед» аз соли 2022 бозӣ намуда, мавсими қаблӣ нимҳимоягар аз 35 бозӣ бо 13 голу 19 партофти голӣ берун омадааст. Шартномаи бозигар бо тими амрикоӣ то охири соли 2025 мӯҳлат дорад. Арзиши тахминии футболбоз бошад ба қавли сомонаи Transfermarkt  27 млн евро мебошад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив