LIVE

Ивазкунандаи Хави дар «Барселона» пайдо шуд

Сармураббии «Барселона Атлетик» Рафаэл Маркес метавонад дар мавқеи кории мураббии тими каталонӣ Хавиро иваз намояд, иттилоъ медиҳад журналист Адриан Санчес дар шабакаи иҷтимоии X (пештар Twitter).
Тибқи иттилоъи сарчашма агар «Барселона» қарори аз кор рондани Хавиро қабул кунанд, то Маркес фавран метавонад ӯро дар ин вазифа иваз кунад.
Ёдовар мешавем, ки пештар «Барселона» дар финали Суперҷоми Испания аз «Реал» (1:4) шикасти бузург хӯрда буд. Вале баъди бозӣ директори варзишии  «Барселона» Деку изҳор намуд, ки бошгоҳ ба пуррагӣ ба Хави бовар мекунад.
Айни ҳол «Барселона» дар зинаи сеюми ҷадвали чемпионати  Испания 41 хол дар ихтиёр дорад. Аз «Жирона»-и пешсаф даста ҳашт хол камтар дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив