LIVE

«Манчестер Сити» бо Гвардиола шартномаро тамдид мекунад

Сармураббии «Манчестер Сити» Хосеп Гвардиола фурсаҳои наздик метавонад бо «шаҳриҳо» шартномаро тамдид намояд. Дар ин бора журналист Николо Скира дар шабакаи иҷтимоии Х (пештар Twitter) хабар медиҳад.
Тибқи иттилоъ сарчашма роҳбарияти «Сити» ният дорад, ки ба мутахассиси испанӣ шартномаи мӯҳлаташ то соли 2027 пешниҳод намояд. Қарордоди феълии ҷонибҳо то охири моҳи июни соли 2025 мӯҳлат дошта, гуфтушунидҳо фурсатҳои наздик оғоз меёбанд.
Гвардиола дар масири ҳафт сол (аз соли 2016 ) мураббии «Манчестер Сити» буда, таҳти роҳбарии ӯ даста панҷ маротиба ғолиби чемпионати Англии, ду маротиба ғолиби Ҷом ва   Суперҷоми Англии ва як маротибагӣ — дар Лигаи чемпионҳо ва  Суперҷоми УЕФА пирӯз шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив