LIVE

Юрген Клопп сармураббии «Барселона» мешавад

Сармураббии «Барселона» Хави метавонад тими каталониро тарк намояд.
Чӣ тавре El Nacional хабар медиҳад, Хавиро дар  «Барселона» метавонад сармураббии «Ливерпул» Юрген Клопп иваз намояд. Муттахассиси олмонӣ пайваста бо президенти нилунориҳо Жоан  Лапорта ҳамсӯҳбат мешавад. Клопп дар мавқеи асосии рӯйхати кӯтоҳи мураббиёне мебошад, ки аллакай дар «Барселона» ба тартибдиҳии он оғоз кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки пештар дар ВАО хабаре баромад, ки роҳбарияти нилунориҳо дар симои  президенти бошгоҳ Жоан Лапорта ва директори варзишӣ Деку бо мақсади баҳодиҳӣ ба кори Хави ва баррасии ба таври мақсаднок аз кор ҷавоб додани ӯ вохӯрӣ доир намуда буданд.
Баъди 17 давр «Барселона» дар зинаи чоруми ҷадвали чемпионати Испания буда, дар ҳисоби хеш 35 хол дорад. Аз «Жирона»-и пешсаф даста нӯҳ хол камтар дорад. Ҳамчунин таҳти роҳбарии Хави «Барселона» бо ишғоли зинаи аввал дар гурӯҳ ба даври 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳо роҳхат гирифта буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив