LIVE

Лапорта аз миёни 5 олмонӣ сармураббӣ интихоб мекунад

Президенти "Барселона" Жоан Лапорта мехоҳад мутахассиси олмониро сармураббии даста таъйин кунад.
Мураббиёни дилхоҳи Лапорта мураббии "Ливерпул" Юрген Клопп, Ҳанс  Флик  ва Томас Тухел (Челси) мебошанд. Тухел мутахассисест, ки ба президенти "Барса" бештар писанд аст. Аммо Томас бо "Челси"  шартнома  то соли  2024 дорад, ки ин барои ба Барселона омадани ӯ монеаи  калон аст. 
Боз ду мураббии олмонӣ, ки Лапорта мехоҳад дар "Барселона" бубинад,  ин Юлиан Нагелсманн (Бавария) ва роҳбари варзиш ва рушди "Локомотив"-и Маскав Ралф Рангник мебошанд. "Барса" аллакай тобистони соли гузашта бо Рангник тамос гирифта буд. Варианте вуҷуд дорад, ки менеҷери 63-сола метавонад дастаро ҳоло раҳбарӣ кунад ва дар охири ин мавсим ҷойро ба як олмони дигар диҳад ва Рангник ба мавқеи роҳбарикунандаи клуб гузарад. Қаблан расонаҳо навишта буданд, ки номзадҳо ба ҷои Роналд Куман ба ҳайси сармураббии "Барселона" Хави  ва Роберто Мартинес, ки раҳбарии тими миллии Белгияро ба ӯҳда доранд, мебошанд. Шартномаи феълии мутахассиси голландӣ бо «Барселона» то соли 2022 эътибор дорад. Хабар дода шуд, ки се бозии навбатии "Барселона" барои Куман муҳимтарин хоҳанд буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив