LIVE

Ҳафт пирӯзии «Ливерпул» дар ҳафт бозии оғози мавсим дар «Энфилд»

«Ливерпул» дар ҳафтумин бозии хонагии хеш ба ҳафтумин пирӯзӣ ноил шуд ва дастоварди 33-солаи хешро такрор намуд.
Бори ахир ба  «сурхҳо» пирӯзӣ дар ҳафт бозии оғози мавсим дар ҳамаи мусобиқаҳо дар мавсими-1990/1991 мушарраф шуда буд. Он вақт силсилапирӯзиҳои хонагии бошгоҳ ҳашт бозиро ташкил дода, даста дар доираи Дивизиони нахусти то ташкилшавии Премер-лигаи Англия баъди ҳафт пирӯзии паиҳам муқобили «Манчестер Сити» мусовӣ намуда буд.
Мерсисайдиҳо айни ҳол дар зинаи чоруми ҷадвали ПЛА қарор дошта, баъди нӯҳ бозӣ соҳиби 20 хол мебошанд. «Ливерпул» ҳамчунин дар зинаи аввали гурӯҳи E дар Лигаи Аврупо буда, се рақобатро бо ҳисоби 10:2 ҷамъбаст кардааст.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив