LIVE

Алиҷони Айнӣ бозигари дастаи «Краснодар» шуд

Нимҳимоятгари 18-солаи тими миллӣ ва мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) Алиҷони Айнӣ расман бозигари тими «Краснодар-2» шуда, бо ин бошгоҳ то моҳи июни соли 2027 шартнома баст.
Қаблан Алиҷони Айнӣ дар ҳайати ҷавонони «Локомотив-Помир» (Душанбе), инчунин, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бозӣ кардааст.
Алиҷони Айнӣ аз моҳи марти соли гузашта то инҷониб ба тими миллии Тоҷикистон ҷалб мешавад. Дар ин муддат ӯ дар ҳайати мунтахаби кишвар шаш бозӣ анҷом додааст.
Бояд гуфт, ки «Краснодар-2» дар лигаи якуми футболи Русия баромад мекунад. Пас аз чаҳор даври бозӣ дар оғози мавсими нав бошгоҳи Алиҷони Айнӣ бо ҳафт имтиёз дар зинаи ҳаштуми ҷадвали мусобиқот қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив