LIVE

Пирӯзии навбатии Ливерпул дар ПЛА


Дастаи "Ливерпул" дар бозии даври 16-ум вохӯрии сафариро дар варзишгоҳи "Дин Корт" бо пирӯзӣ ҷамъбаст кард. Шогирдони Юрген Клоп бо голҳои задаи Алекс Окслейд Чемберлен (дақ 35), Наби Кейта (44) ва Муҳаммад Салоҳ (54) дастболо шуданд. Дар ҷадали мусобиқа футболбозони "Ливерпул" баъди пирӯзии 15-уми хеш бо 43 хол мавқеи хешро мустаҳкам карда, тафовути зиёдро бо рақибони аслӣ дастаҳои "Лестер" ва "МС" нигоҳ доштанд. Дар даври ояндаи мусобиқа мерсисайдиҳо дар "Энфилд" 14-ум декабр бо "Уотфорд" бозӣ мекунанд. Дастаи "Борнмут", ки маротибаи панҷум пайиҳам ба шикаст дучор мешавд, бо 16 хол дар зинаи 15-ум қарор гирифтааст. Онҳо дар даври 17-уми мусобиқа бо "Челси" дар сафар дидор мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив