LIVE

Пирӯзии бузурги «Ливерпул» бар «Генк»

Бозии сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо барои “Ливерпул” бо барор оғоз ёфт. Дар ин давр қаҳрамони феълии ЛЧ дар меҳмонӣ тими «Генк»-ро торумор кард. Вохӯрии дастаҳо дар «Луминус Арена — Кристал Арена» доир шуда, бо ҳисоби калони 4:1 ба суди шогирдони Юрген Клопп хотима ёфт. Голҳои “Ливерпул”-ро Алекс Окслейд-Чемберлен (дубл) ва Садио Маневу Муҳаммад Салоҳ ба самар расониданд. Ягона тӯби мизбононро Стивена Одея муаллифӣ кард. Дар бозии дигари гурӯҳи “Е” тими “Наполи” дар меҳмонӣ дастаи “Ред Булл Залсбург”-ро бо бартарии 3:2 шикаст дод.
Лигаи Чемпионҳо. Марҳилаи гурӯҳӣ
Гуруҳи E
«Генк» Белгия — «Ливерпул» Англия — 1:4
Голҳо: Стивен Одей (88) – Алекс Окслейд-Чемберлен (2, 57) Садион Мане (77), Муҳаммад Салоҳ (87).
«Ред Булл Залсбург» Австрия — «Наполи» Италия — 2:3
Голҳо: Эрлин Холанн (40, 72) – Дрис Мертенс (17, 64), Лоренсо Инсинйе

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив