LIVE

Пирӯзии "Ливерпул" бар "Арсенал"

Чуноне, ки мо шоҳид будем, мавсими гузашта “Ливерпул”-ро як имтиёз аз қаҳрамонӣ маҳрум кард. Аз ҳамин лиҳоз Юрген Клопп дар пеши худ мақсад гузоштааст, ки ин мавсим ҳатман дар ПЛА қаҳрамон шуда, орзуи деринаи мухлисони “Ливерпул”-ро амалӣ созад. Даври сеюми ПЛА бошгоҳҳои “Ливерпул” ва “Арсенал”-ро рӯ ба рӯ кард. Набарди ин ду тим дар майдони “Энфил” баргузор шуда, бо ҳисоби 3:1 ба суди мизбонон хатм шуд. Голи нахустинро Матип ба самар расонид. Баъдан Муҳаммад Салоҳ ду маротибаи дигар тӯбро таслими дарвозаи “Арсенал” намуда, ин тимро ба нокаут фиристод. Ягона тӯби “Арсенал”-ро Торрейра муаллифӣ кард. Дар айни замон “Ливерпул” бо касби 9 хол пешсафи ҷадвали ПЛА мебошад, “Арсенал” бошад, бо доштани 6 имтиёз зинаи дуюмро ишғол намудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив