LIVE

Муъҷиза дар «Энфилд»! 10 гол ва камбэки «Ливерпул»

Дар бозии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Лигаи Англия дастаҳои абарқудрати “Ливерпул” ва “Арсенал” рӯйрӯи ҳам омаданд. Набарди ин ду тим дар варзишгоҳи соҳибноми «Энфилд» баргузор шуда, бо ҳисоби мусовии 5:5 хотима ёфт. Аммо дар силсилазарбаҳои ҷаримавии 11 метра бошад, шогирдони Юрген Клопп бо ҳисоби 5:4 дастболо гардида, роҳхати даври ¼ ниҳоии мусобиқаи мазкурро ба даст оварданд.
«Ливерпул» — «Арсенал» — 5:5 (2:3). Пеналти — 5:4
Голҳо: Мустафи, 6 — (худгол) (1:0). Торрейра, 19 (1:1). Мартинелли, 26 (1:2). Мартинелли, 36 (1:3). Милнер, 43 —пеналти (2:3). Мэйтланд-Найлс, 54 (2:4). Окслейд-Чемберлен, 58 (3:4). Ориги, 62 (4:4). Уиллок, 70 (4:5). Ориги, 90+4 (5:5).
«Ливерпул»: Келлехер, Гомес, ван дер Берг, Уилямс, Милнер, Лаллана, Окслейд-Чемберлен (Чиривеля, 81), Кейта (Джонс, 55), Ориги, Брюстер, Эллиотт.
«Арсенал»: Мартинес, Мустафи, Колашинатс (Тирни, 83), Белерин, Холдинг, Озил (Гендузи, 65), Мэйтланд-Найлс, Торрейра (Себалос, 72), Уиллок, Сака, Мартинелли.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив