Сармураббии дастаи “Манчестер Сити” - Хосеп Гвардиола ҳамкориро бо «шаҳриҳо» идома хоҳад дод. “Манчестер Сити” бо мутахассиси испанӣ то тобистони соли 2023 шартномаи ҳамкориро тамдид кардааст.
Гвардиола тобистони соли 2016 "Манчестер Сити" -ро ба зимаи худ гирифт. Таҳти роҳбарии ӯ даста ду маротиба қаҳрамони Англия шуд ва аз рӯи маҷмуи имтиёзҳо дар ПЛА рекорд гузошт. Дар айни замон, «Манчестер Сити» бо 12 имтиёз баъди ҳафт давр дар зинаи 10-уми ҷадвал қарор дорад.