LIVE

Персебая шартномаро бо Манучеҳр Ҷалилов қатъ кард


Бошгоҳи футболи "Персебая"-и Индонезия дар саҳифаи расмии худ дар твиттер иттилоъ дод, ки ду тан аз футболбози даста Манучеҳр Ҷалилов ва Дамиан Лазио қарордодро қатъ намуд. Футболбози 29 солаи тоҷик аз дастаи дигари индонезӣ "Шривиҷая" дар оғози соли 2019 ба тими "Персебая" пайваста буд. Дар мавсими кунунии лигаи якуми Индонезия ӯ 14 маротиба ба майдон баромада, як дафъа муаллифи гол шудааст. Фаъолияти минбаъдаи худро бозингари тими миллии Тоҷикистон дар кадом даста идома медиҳад, аниқ нест.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив