LIVE

Рақобати футболбозони тоҷик дар чемпионати Индонезия (АКС)

Дар даври 10-уми чемпионати Индонезия оид ба футбол дастаҳои "Персебая" ва "ТИРА Персикабо", ки дар онҳо ду футболбози тоҷик Манучеҳр Ҷалилов ва Хуршед Бекназаров ҳунарнамоӣ мекунанд, бо ҳам рақобат карданд. Ин дидор бо ҳисоби 1:1 ба поён расид ва дастаи "ТИРА Персикабо"-и Хуршед Бекназаров мавқеашро дар ҷойи аввал бо 20 имтиёз мустаҳкам кард. Ҳимоятгари тоҷик дар майдон 90 дақиқа ҳунарнамоӣ дошт. Узви дастаи "Персебая" Манучеҳр Ҷалилов бошад дар дақиқаи 75-ум аз захира ба майдон омад. Ҳоло дастаи ин ҳамлагари тоҷик дар зинаи 6-уми ҷадвал аст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив