LIVE

Тоҷикистон дар Чемпионати CAFA-2019 соҳиби ҷоиза шуд

16 сентябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни мунтахабҳои духтарони то 15-сола ба анҷом расид. Тими мунтахаби духтарони Тоҷикистон ҷои сеюмро ишғол намуда, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуд. Дар чемпионат футболбоздухтарони мо се бозӣ анҷом дода, дар як бозӣ муқобили Ӯзбекистон ғалаба карданд (2:0), дар ду бозӣ аз ҳамсолонашон аз Эрон (0:4) ва Қирғизистон (1:6) мағлуб гардиданд. Мунтахаби Эрон, ки дар ҳар се бозӣ пирӯз шуд, ғолиби Чемпионати CAFA-2019 гардид. Медалҳои нуқра насиби дастаи Қирғизистон шуд, ки 6 хол ба даст овард.

 
Чемпионати CAFA-2019 миёни мунтахабҳои духтарони то 15-сола

1-ум давр
Эрон – ТОҶИКИСТОН – 4:0
 Ӯзбекистон – Қирғизистон – 2:6

2-юм давр
ТОҶИКИСТОН – Узбекистон – 2:0
Голҳо: Рухшона Файзуллоева, 2 (1:0). Рухшона Файзуллоева, 35+3 (2:0).

Қирғизистон – Эрон – 0:1

3-юм давр
ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон – 1:6
Голи Тоҷикистон: Малика Қаюмова.

 Ӯзбекистон – Эрон – 2:3

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив