LIVE

Дастаи Нуриддин Давронов боз ғолиб шуд.


Бошгоҳи футболи "Оман", ки футболбози тоҷик Нуриддин Давронов дар он ҳунарнамоӣ мекунад, дар як мусобиқаи пеш аз мавсимии кишвари Уммон бо дастаи "Ал Оруба" бозӣ кард. Дар ин дидор дастаи Давронов бо натиҷаи 4-2 ғалаба ба даст овард. Футболбози 28 солаи тоҷик давоми 90 дақиқа дар майдон ҳунарнамоӣ дошт. Ӯ дар равзанаи гузариши тобистона ба дастаи шаҳри Маскат пайваст ва шартномаи 1 сола ба имзо расонид. Мусобиқаи қаҳрамонии лигаи касбии Уммон 15-уми сентябр шуруъ мегардад. Дастаи "Оман" дар мавсими гузашта миёни 14 дастаи иштирокчӣ зинаи 11-умро касб карда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив