LIVE

Расман: Нуриддин Давронов ба худ дастаи нав пайдо кард

Сарвони тими мунтахаби Тоҷикистон ва бошгоҳи «Истиқол»-и шаҳри Душанбе Нуриддин Давронови 28 сола бо дастаи «КФ Оман»-и кишвари Уммон қарордоди яксола ба имзо расонд. Дар ин бора Кова Тилавпур агенти Нуриддин  Давронов ба ТВ «Варзиш» хабар доданд.
Ба ғайр аз кишвари Уммон   пешниҳодҳо аз давлатҳои   Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Индонезия буд, вале  барои корномаи варзишии Нуриддин беҳтар шудан  кишвари Уммонро интихоб намуд. Ёдовар мешавем, ки Нуриддин Давронов  фаъолияти варзишии худро дар дастаи «Смена»-и кишвари   Белорус шуруъ карда буд ва инчунин дар бошгоҳҳои «Барқчӣ», «Локомотив-Москва», «Истиқлол»-и Душанбе, «Слобода»-и Сербистон, «Дунав»-и Булғористон, «Мадура Юнайтед»-и кишвари Индонезия ҳунарнамоӣ кардааст. Охарин дастае, ки Давронов бозӣ мекард ин дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив