LIVE

Фарҳод Восиев дар бозии "Нефтехимик" бори аввал иштирок кард


Фарҳод Восиев ҳимоятгари дастаи миллии футболи Тоҷикистон, ки баъди анҷоми мавсими 2018-19 ба дастаи "Нефтехимик" пайваст  дар бозии даври 3-юми мавсими нави мусобиқаи ЛМФ Русия бори аввал ба майдон баромад. Футболбози 29 солаи тоҷик дар вохӯрӣ бо дастаи "Армавир" дар дақиқаи 75-ум ниммуҳофизатгар Давид Хубаевро иваз намуд. "Нефтехимик" дар ин рақобат бо натиҷаи 2:0 дар сафар ғолиб омада, ба мақоми 6-уми ҷадвал баромад. Фарҳод Восиев қаблан дар дастаҳои дигари Русия аз қабили "Сатурн", "Криял Советов", "Жемчужина", "Шинник", "Волгар", "Оренбург" ва "Тюмен" ҳунарнамоӣ кардааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив