LIVE

Даромади ҳангуфти агентҳои футболӣ дар трансфери тобистона

Дар масири фаъолияти кории трансферии тобистона агентҳои футболӣ аз гузариши мизоҷони хеш зиёда аз 500 миллион доллари амрикоӣ маблағ кор кардаанд. Дар ин маврид бо такя ба Fifa Tms Calciomercato.com хабар додааст.
 Мутобиқи маълумоти сарчашмаи номбурда тобистони қаблӣ дар олами футбол 8746 гузариши трансферӣ ба миён омада,арзиши онҳо на камтар аз як миллиард долларро ташкил додаааст. Аз ин маблағ агентҳои футболӣ 529,3 миллион доллар ба даст оварда, 64,9 фоизи ҳаҷми умумӣ ба намояндагони футболбозони бошгоҳҳо пардохт карда шудааст,нафароне,ки бо бозингарон қарордод имзо намудаанд. Маблағи бештари ин омор (76%) ба панҷ топ- чемпионатҳои аврупоӣ-Англия, Испания, Италия, Олмон ва Фаронса рост меояд.
 Қобили қайд аст,ки дар ҳамин давраи соли 2018 даромади агентҳои футболӣ 37,12 миллион  доллар камтар буд ва дар умум 492,18 миллион  доллари амрикоиро  ташкил дод.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив