LIVE

Азизбек Султонов муаллифи хет-трик дар даври 10-ум шуд

Дар доираи бозии даври даҳуми чемпионати Тоҷикистон-2023 дастаҳои «Эсхата» ва «Куктош» андари майдони рақобат шуданд. Дар бозӣ аз ҳайати меҳмонон Азизбек Султонов хет-трик кард ва ба «Куктош» ғалаба овард. Дар маҷмуъ ин вохӯрӣ бо ҳисоби 4:2 ба фоидаи шогирдони Ахлиддин Турдиев ба анҷом расид.  

«Эсхата» дар мубориза барои ишғоли зинаи аввали ҷадвал боз ноком гардид. Дар даври гузашаи мусобиқа «Куктош» дар хонааш аз тими «Эсхата» бо як голи беҷавоб ғолиб шуда буд.   

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив