LIVE

Чаро Месси ба Арабистони Саудӣ рафт?

ПСЖ чаро  Мессиро ҷарима кард?

Бошгоҳи  “ПСЖ” Лионел Мессиро  ба далели  сафари  ҳамоҳанг нашудааш  ба Арабистон, ду ҳафта аз ҳамроҳӣ ва иштирок дар тамрин  бо дастаи аввали ин бошгоҳ маҳрум кард!
Расонаи  фаронсавии  "rmc sport" гузориш дод, ки Мессӣ пас аз    бе иҷоза рафтан ба Арабистони Саудӣ аз тарафи роҳбарияти тими “ПСЖ”  ҷарима карда шуд.
Миллипуши Аргентинӣ ду бозии баъдии тимаш мукобили  дастаҳои “Тройс” ва “Аячо”-ро аз даст дод ва наметавонад ширкат кунад. 
 
 Чаро Мессӣ ба Арабистон сафар кард? 
 Рӯзи душанбе, як рӯз пас аз шикасти тимаш 3-1 муқобили “Лорян”, Лионел Мессӣ дар
 фурудгоҳи Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ дида шуд. Далели ин сафар дар чорчӯбе бахше аз қарордоди   Мессӣ  ба унвони сафири гардишгарии ин кишвар анҷом шудааст. 
Ў муваззаф ба иҷрои қарордоде аст, ки солона 30 миллион евро даромад дорад. 

 Мессӣ  дарҳоле дар ин сафар ҳузур дошт, ки ҳамдастаҳояш пас аз шикаст бояд дар як ҷаласаи тамринӣ бояд ширкат менамуданд. 
 
 Месси иҷозат нагирифта буд? 
 
 Расонаи фаронсавӣ таъйид мекунад - “тамоми аъзои бошгоҳ аз сафари Мессӣ хабар надоштанд” , аммо ба гуфтаи атрофиёни Мессӣ , ситораи Аргентинӣ барои анҷоми  ин сафар аз "ПСЖ" иҷозат гирифта буд. 
 
 Мессӣ қарор аст фардо дар ҷаласаи  тамринӣ ҳузур дошта бошад, аммо ғайб задани  ӯ боиси асабонияти мудирони бошгоҳ шудааст. 
 Мақсади  баъдии Мессӣ ? 
 
 Мессӣ , ки қарор аст дар тобистон ин бошгоҳро тарк кунад, бо интиқол ба Ховари Миёна муртабит шудааст. Ў бо фаро расидани поёни  фасл, ки қарордоди дусолааш бо тими пойтахти Фаронса тамом мешавад  сару садои зиёде дар мавриди фаъолияти ояндааш мухлисонашро ба ҳаяҷон овардааст!
 Расонаҳои испанӣ дар бораи баргашти Лео ба “Барселона”-пешгӯӣ мекунанд, аммо Арабистони Саудӣ ва рақобат бо Криштиану Роналду афсонае ки шояд ба ҳақиқат табдил ёбад!
Таҳияи Кова Тилавпур

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив