LIVE

КОНМЕБОЛ Мессиро бахшид

Конфедератсияи футболи Амрикои Ҷанубӣ (КОНМЕБОЛ) муҷозоти ҳамлагари 33-солаи “Барселона” ва тими миллии Аргентина - Лионел Мессиро лағв кард. Ёдовар мешавем, ки Лионел Месси дар мубориза барои ҷои 3-юм дар Ҷоми Амрико - 2019 байни Аргентина ва Чили (2:1) барои муноқиша бо Гари Медел корти сурх гирифта буд.
Президенти Ассотсиатсияи футболи Аргентина - Клаудио Тапиа ба КОНМЕБОЛ дар бораи бекор кардани маҳрумияти Лионел Месси аз бозиҳо дархост фиристод. Президенти ташкилот Алехандро Доминго тасдиқ кард, ки ин маҳрумият пас аз як сол аз рӯзи эълони муҷозот ба охир расидааст ва форварди 33-сола имкон дорад, ки дар бозиҳои минбаъдаи мунтахаби кишвараш ширкат варзад. 
Қаблан, ба далели маҳрум шудан, Месси бозиҳои дӯстонаро бо тимҳои миллии Мексика, Чили ва Олмон аз даст дод ва акнун ӯ метавонад дар бозиҳо бар муқобили Эквадор (8 октябр) ва Боливия (13 октябр) ширкат варзад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив