LIVE

Месси ба Барселона омадааст

Ҳамлагари тими «ПСЖ» Лионел Месси ба Барселона омадааст, хабар медиҳад RMC Sport. Аргентинӣ ба ҳайати бозигарон бар муқобили дастаи «Брест» ворид нашуда буд. Дар натиҷа Месси бо ҳамсараш ва се фарзандаш ба Каталония омадааст. Лео ва оилааш дар фурӯдгоҳи Барселона бо ҳам акс гирифтаанд. Аз рӯи хабарҳо, Месси хостааст то рӯзҳои истироҳатиро дар Каталония гузаронад.

Пештар сармураббии «ПСЖ» Маурисио Почеттино хабар дода буд, ки Месси ҳоло омода нест, ки ба майдон барояд. Аз рӯи гуфтаҳои муттахассис, Лео бояд ҳолати варзишиашро барқарор кунад, чунки баъди ишгтирок дар Ҷоми Амрико ӯ умуман тамрин накардааст.

Интизор меравад, ки Месси метавонад дар вохӯрӣ муқобили «Реймс» 29 август аввалин бозиашро доир кунад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив