LIVE

"Барса" ба Месси шартномаи 10 сола пешниҳод кард

"Барселона" ба ҳамлагар Лионел Месси шартномаи даҳсола пешниҳод кард, хабар медиҳад радиои Каталония.
Бино ба иттилои манбаъ, тибқи шартҳои шартнома, Месси боз ду мавсим дар ҳайати "Барселона" бозӣ мекунад. Пас аз он аргентинӣ ҳамчун намояндаи дастаи каталонӣ се сол дар MLS фаъолият хоҳад кард. Панҷ соли охири шартнома ӯ боз дар "Барселона" дар яке аз вазифаҳо кор менамояд. Қайд карда мешавад, ки "Барселона" ба тамдиди қарордод бо аргентинӣ бовар дорад.
Ёдовар мешавем, ки шартномаи Месси бо "Барселона" 30 июни соли 2021 ба итмом мерасад. Аргентинии 33-сола тамоми карйераи худро дар бошгоҳи каталонӣ гузаронидааст. Бо "Барселона"  Месси чаҳор маротиба ғолиби Лигаи чемпионҳо шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив