LIVE

Месси ба Куман ҳушдор додааст, ки ба ӯ умед набандад

Ҳамлагари "Барселона" Лионел Месси бо сармураббии нави клуби футболи Каталония Роналд Куман сӯҳбат карда, ба ӯ  хабар додааст, ки аз даста рафтанист. Ин хабар тавассути  радиои RAC1 пахш шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳамлагари 33-сола ба мураббӣ гуфтааст, ки ояндаи худро дар "Барселона" намебинад. Ситораи футболи аргентинӣ баъди он, ки дар Лигаи Чемпионҳо аз “Бавария” бо ҳисоби аламовари (2:8) мағлуб шуд, хоҳиши идомаи ҳунарнамоиро дар ин тим надорад. Ҳамчунин Месси борҳо аз муҳити дохилии ноороми бошгоҳ шикоят карда буд.  Ҳамзамон, Месси дарк мекунад, ки талаботҳои дар шартнома омада, ба ӯ имкони ба осонӣ рафтан аз  “Барселона” - ро нахоҳад дод.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив