LIVE

Месси ва Агуэро ҳамдаста мешаванд

Капитани «Барселона» Лионел Месси ба сармураббии ҷадиди даста Кике Сетйен тавсия додааст, ки бо ҳамлагари «Манчестер Сити» Серхио Агуэро қарордод бандад. Ба иттилои сарчашмаҳои хабарии англисӣ Месси бо худи Сетйен мулоқоти як ба як доштааст ва зимни суҳбат футболбози аргентинӣ ба мутахассиси 61 сола  пешниҳод кардааст, ки  ба ивази Луис Суарес, ки ҷароҳат дораду 4 моҳ ба майдон намебарояд, Серхиоро ба даста ҷалб созад. Дар мавсими ҷории ПЛА  нишонзани 31 сола «Ман Сити» дар 17 бозӣ 15 гол зада, ду партофти головар намудааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив