LIVE

Месси бо пояфзоли худ ҷони кӯдаконро мехарад

Ҳамлагари аргентинии дастаи  "Барселона" - Лионел Месси ба Осорхонаи Каталония пояфзолеро тӯҳфа кард, ки дар он ӯ рекорди Пеларо аз ҷиҳати гол дар як бошгоҳ нав карда буд, хабар медиҳад RAC1.
Хабар дода мешавад, ки осорхона пояфзолҳоро тӯли як моҳ ба намоиш мегузорад ва пас аз он дар музояда фурӯхта мешаванд. Маблағи аз пояфзолҳо ба дастоварда ба кӯдакони гирифтори саратон харҷ карда мешаванд. Месси моҳи декабр ба дарвозаи “Валладолид” гол зад, ки ин дар корномаи сарвони “Барселона” 644-умин гол буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив