LIVE

"Барселона" аз Лионел Месси 63,5 миллион евро қарздор аст

“Барселона” аз ҳамлагар - Лионел Месси қарздор аст. Тибқи иттилои манбаъ, клуб бояд то охири моҳи январ ба ҳамлагари аргентинӣ 72 миллион евро пардохт мекард, аммо Лионел 8,5 миллион евро ба даст овард. Ёдовар мешавем, ки расонаҳои испанӣ иттилооте пахш карданд, ки тибқи он Месси дар тӯли чор соли шартнома 555 миллион евро 138 миллион евро дар як мавсим - бо иловаи мукофотпулӣ мегирад. Барои имзои созишнома каме бештар аз 115 миллион евро ҳамчун мукофотпулӣ пардохт карда шуд. Қариб 78 миллион евро мукофотпулӣ барои вафодорӣ. Пас аз он маълумот пайдо шуд, ки Месси бо сабаби ифшои маълумот дар бораи шартномааш мехоҳад роҳбарияти клубро ба додгоҳ кашад. Пештар хабар дода шуда буд, ки бозигарони "Барселона" аз моҳи декабр маош нагирифтаанд. Инчунин маълум шуд, ки қарзи “Барселона” ба 1 миллиарду 200 миллион евро расидааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив