LIVE

Мушкилоти Неймар бо "Барселона" ҳалли худро наёфт

Ҳамлавари бразилии бошгоҳи  “ПСЖ” - Неймар ҳанӯз ҳам нақша дорад, ки аз “Барселона” маблағи 43,6 миллион евро ситонад. Ҳамлагари бразилӣ барон назар аст, ки барои тамдиди  қарордод дар соли 2016 каталониҳо аз ӯ қарздоранд.  
Ёдовар мешавем, ки футболбози 28-сола қаблан алайҳи бошгоҳи каталонӣ бо талаби пардохти 43,6 миллион евро ҳамчун маблағи иловагӣ барои тамдиди шартнома дар соли 2016 ба додгоҳ муроҷиат карда буд. Пас аз як соли бастани шартномаи нав бозигари бразилӣ ҳайати “нилунориҳо”-ро тарк карда, ба “ПСЖ” гузариш намуд. Пас аз баррасии даъво талабҳои Неймар рад карда шуданд. Гузашта аз ин, худи футболбоз бояд, ки ба “Барселона” 6,7 миллион евро пардохт мекард.
Бояд гуфт, ки адвокатҳои ҳамлагари тими миллии Бразилия аз қарори додгоҳ шикоят бурда, аз “Барселона” пардохти мукофотпулиро талаб мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки Неймар тобистони соли 2017 аз “Барселона” ба ПСЖ рафт. Маблағи гузариш 222 миллион еврои рекордиро ташкил медод.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив