LIVE

«Барса» Неймаро наздик ба 7 млн евро қарздор кард

«Барселона» дар сомонаи худ аз ғалаба дар парвандаи судӣ бар муқобили собиқ ҳамлагари худ  Неймар хабар додааст.  
Футболбози 28 солаи «Пари Сен-Жермен» қаблан бошгоҳи каталониро барои пардохт накардани маблағи тамдиди шартнома дар  соли 2016 ба суд дода буд ва аз тими собиқаш  43,6 млн € талаб кард, аммо додгоҳ дар замони тафтиши парванда чунин ҳукум баровард, ки «Барселона» на ба Неймар, балки худи футболбоз бояд ба дастаи собиқаш барои иҷро накардани як чанд банди шартнома  ҷубронпулӣ пардохт намояд. Ҳаҷми балағе, ки тибқи хулосаи додгоҳ Неймар бояд ба «Барселона» баргардонад,  6,7 млн €-ро дар бар мегирад. Ҷониби футболбози бразилӣ аз ин қарори суд  розӣ нестанд ва мактуби шикоятӣ омода мекунанд.  
Неймар дар «Барселона» аз соли 2013 то 2017 бозӣ кардааст ва баъдан бо қимати рекордии 222 миллион евро ба дастаи «ПСЖ» гузариш кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив