Ширкати аудитории KPMG гаронтарин футболбозони шаш Чемпионати Аврупоро номбар кард.
Нимҳимоятгар Каземиро бо арзиши 72,6 миллион евро гаронтарин бозигари “Реал Мадрид” дониста шуд. Баъдан ҳимоятгар Рафаэл Варан (70,2 миллион) ва дарвозабон Тибо Куртуа (67,9 миллион) баҳогузорӣ шуданд. Гаронарзиштарин дар байни футболбозони “Ливерпул” ҳамлагар Муҳаммад Салоҳ (122,2 миллион евро) \ътироф шудааст. Садио Мане (120 миллион) ва ҳимоятгар Трент Александр-Арнолд (107,1 миллион) арзиш доштаанд.
Се бозигари гаронтарини “Ювентус” инҳоянд: муҳофизатгар Маттис де Лигт- 90 миллион евро, ҳамлагар Пауло Дибала (65,2 миллион), ҳамлагар Криштиану Роналду (63,2 миллион).
3 футболбози беҳтарини “Бавария” аз рӯи арзиш нимҳимоятгар Серж Гнабри бо қимати (99,8 миллион евро)гуфта шуд. Ҳимоятгар Йозуа Киммих (98,3 миллион) ва нимҳимоятгар Лерой Сане (85,8 миллион) қимат доштаанд.
Гаронтарин бозигарони “ПСЖ” ҳамлагар Килиан Мбаппе (200 миллион евро), Неймар (125 миллион) ва ҳимоягар Маркинос (59,9 миллион) гуфта шудааст.
KPMG арзиши футболбозонро бо истифода аз методологияи худ арзёбӣ кард, маълумот то 1-уми январи соли 2021 ба инобат гирифта шудааст.