LIVE

Изҳори миннатдории Месси ба Пеле

Сарвони бошгоҳи "Барселона" Лионел Месси ба ҳамлагари афсонавии тими миллии Бразилия Пеле миннатдорӣ кард. Қаблан Пеле - Мессиро барои такрори сабти голҳои як бошгоҳ табрик карда буд. Месси дар ҳайати бошгоҳи "Барселона" 643 гол задааст. Пеле бошад , дар ҳайати бошгоҳи " Сантос" ҳамон миқдор гол задааст, ки аз соли 1956 то 1974 дар ин бошгоҳ бозӣ кардааст. Баъдан футболбози бразилиягӣ ба дастаи амрикоии "Ню -Йорк Космос" гузашт, дар ин даста давоми ду соли дигар   бозӣ кард. 
«Ман барои чунин паёми гарм миннатдорам, Пеле! Ин хеле хуб буд. Бо назардошти он, ки ин суханҳоро як футболбози афсонавӣ гуфтааст, барои ман аҳамияти калон доранд. Ман туро ба оғӯш мегирам"- Месси дар саҳифаи Инстаграми худ чунин навиштааст. То охири мавсими 2020 дастаи "Барселона" дар чемпионати Испания бо дастаҳои "Валлядолид " (23 декабр) ва "Эйбар" (29 декабр) бозӣ мекунад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив