Бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон - 2022 дар Амрикои Ҷанубӣ байни тимҳои миллии Перу ва Бразилия сурат гирифт. Бозӣ бо пирӯзии бразилиягиҳо бо ҳисоби 4: 2 хотима ёфт.
Дар ин вохӯрӣ Неймар хет-трик кард. Ҳамин тариқ, ҳамлагари “ПСЖ” 64-умин голи худро ба ҳадаф расонида, дар рӯйхати голзанҳои дастаи мунтахаби Бразилия дуввум шуд. Неймар аз Роналдо, ки 62 гол дорад, пеш гузашт. Шоҳи футбол Пеле ки 77 гол задааст, беҳтарин нишонзани дастаи мунтахаби Бразилия мебошад.