LIVE

Пеле: Баъзан вақт маро хислати Неймар ба шубҳа мебарад

Шоҳи футбол ва собиқ ҳамлагари мунтахаби Бразилия - Пеле назари худро дар бораи форварди тими «ПСЖ» - Неймар иброз дошт ва иқрор шуд, ки ӯ ҳам талош мекунад, ки беҳтарин будани худро дар миёни ҷомеаи футболӣ исбот кунад ва ин иштибоҳ аст. 

“Баъзан вақт маро сифати Неймар ба шубҳа меорад. Ҳолате, ки феълан ба ӯ рух медиҳад, шубҳаовар аст. Мо дар ин масъала якчанд маротиба суҳбат доштем ва баёни он мушкил аст. Ба фикрам дар сари ӯ ноҷуриҳо давр мезананд. Маҳз ин омилҳо ҷомеаи футболиро маҷбур мекунад, ки дар бораи беҳтарин будани ӯ фаромӯш кунанд. Ман фикр мекунам, ки ӯ яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон аст, аммо вай иштибоҳ мекунад, вақте  ҳамеша дар талоши он аст, ки беҳтарин буданашро исбот кунад. Ин кор ба ӯ намезебад”, иқрор шудааст, Пеле.

 Неймар дар мавсими ҷории Чемпионати Фаронса 15 маротиба ба майдон баромада, ба задани 13 гол  ва 6 партофти головар даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив