LIVE

Бунёди пайкараи шоҳи футбол дар Бразилия

Конфедератсияи футболи Бразилия дар осорхонаи дастаи миллии кишвар ҳайкали шоҳи футбол  Пелеро гузошт. Худи Пеле дар маросими гузоштани пайкара ширкат надошт. Аммо намояндагони конфедератсия зимни мусоҳиба бо Пеле иброз намуданд, ки “Албатта, ҳайкал аз ман хеле зеботар аст. Ин имкониятест, ки Худо ба мо додааст - барои наслҳои оянда хотираҳои нек гузорем. Ман аз Худо сипосгузорам, ки саломатии хуб дорам” гуфт: шоҳи футбол.  Пелеи 79-сола пас аз ҷарроҳии пояш аз роҳравӣ бозмонадааст. Қаблан хабар дода шуда буд, ки ӯ дар ҳолати депрессия қарор гирифтааст, аммо худи Пеле ин овозаҳоро рад кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив