LIVE

Президенти КФО: “Рушди футбол дар Тоҷикистон чашмрас аст”

Президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад. 
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) Рустами Эмомалӣ имрӯз, 20-уми сентябр бо Президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа мулоқоти судманд анҷом дод.  Зимни вохӯрӣ тарафайн дурнамои ҳамкориҳои судманди дуҷониба, аз ҷумла ҳолати кунунӣ ва ояндаи рушди футбол дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказиро  ба таври муфассал баррасӣ намуданд.  
“Сафар ба Тоҷикистон барои ман бисёр муҳим аст. Ба Душанбе ташриф овардан бароям доимо фораму гуворо буд. Мо бо машварати якҷоя барои ҳалли уҳдадориҳои муҳим, ки боиси рушди футбол дар ин минтақа мегарданд талош меварзем. ФФТ тайи солҳои охир натиҷаҳои хушбинкунандаро ба қайд гирифта истодааст”, -гуфт Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа зимни суҳбат бо Рустами Эмомалӣ.
Инчунин роҳбари КФО бо натиҷаҳои мусбӣ оғоз кардани марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022-ро ба мунтахаби Тоҷикистон табрик намуд, ки дар ду бозии аввал бар мунтахабҳои футболии Қирғизистон ва Муғулистон ғалаба карданд.
“Акнун, ки қароргоҳи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар Душанбест, барои такон бахшидани футбол дар минтақа ба дӯши Шумо боз масъулияти бештаре зам шуд. Ман бовар дорам, ки таҳти роҳбарии Рустами Эмомалӣ сатҳу сифати футбол дар минтақаи CAFA (Осиёи Марказӣ) рушд меёбад”-гуфт, дар идомаи суханҳои худ Президенти Конфедератсияи футболи Осиё.
Президенти ФФТ, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар навбати худ ташрифи Президенти КФО-ро ситоиш кард. 
“Мо аз дастгириҳои пайвастаи Президенти КФО изҳори қаноатмандӣ намуда, аз ҷониби худ расман баён мекунем, ки тарафдори рушди футбол дар кишвар ва минтақа ҳастем. Мо хоҳиши зиёди ҳамкорӣ бо Конфедератсияи футболи Осиёро дошта, дар амал барои рушди футбол дар Осиё саҳми босазои худро хоҳем гузошт”-илова кард зимни суханронии хеш роҳбари ФФТ Рустами Эмомлӣ.
Дар фарҷоми суҳбат роҳбари КФО ба мунтахаби наврасони то 17 солаи тоҷик, ки дар Чемпионати ҷаҳон дар Бразилия иштирок мекунанд, мувафаққият таманно намуд. 
Дар вохӯрии президентҳои КФО ва Ассотсиатсияи футболии Осиёи Марказӣ инчунин роҳбари Федератсияи футболи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ генерал-майор Хиев Симетх низ ҳузур дошт. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо лоиҳаҳои муштаракро низ мавриди баррасӣ қарор доданд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив