LIVE

"Барселона" Мессиро аз 700 млн евро кам фурӯхтанӣ нест

"Барселона" намехоҳад аз ситораи асосии худ - Лионел Месси ҷудо шавад. Mundo Deportivo хабар медиҳад, ки  президенти клуби катлонӣ Хосеп Бартомеу боварӣ дорад, ки Месси ба ҳеҷ куҷо намеравад.  Агар футболбози аргентинӣ барои гузариш ба тими дигар дархост пешниҳод кунад, даста омодааст, ки ӯро иҷози рафтан диҳад, аммо ҷуброни рухсат 700 млн евро арзёбӣ мешавад.
Бошгоҳи "Барселона" Мессиро бозингари асосии ҳайати дастаи худ медонанд. Ғайр аз он, шумораи зиёди шартномаҳои таблиғоти ба ӯ вобаста карда шудааст, ки каталониҳо намехоҳанд ӯро аз даст диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки сарвони бошгоҳи "Барселона" чанде пеш бо сармураббии ҷадиди даста Роналд Куман мулоқот кардааст. Пас аз мулоқот, радиои Каталония RAC1 тафсилоти суҳбатро эълон кард. Ба гуфтаи онҳо Месси ба Куман фаҳмонд, ки аз даста меравад.
Тавре, ки нашрияи аргентинии "Clarin" иттилоъ дода буд, Месси аз паҳн шудани маълумот ба ғазаб омадааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив