LIVE

Иброҳимович дигар дар ҳайати «Милан» бозӣ намекунад

Ҳамлагари шведии «Милан» Златан Иброҳимович ҳангоми тамрин ҷароҳат бардоштааст.  Ба гуфтаи манбаъ, Иброҳимович худро хуб эҳсос накард ва тамринро пеш аз муҳлат тарк кард. Эҳтимол дорад, ки шведӣ дигар дар ин мавсим дар ҳайати "Милан" бозӣ карда наметавонад. Маълумоти дақиқтар пас аз ташхиси тиббӣ эълон хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки Иброҳимович аз соли 2020 дар тими “Милан” бозӣ мекунад. Шартномаи ҳамлагар бо клуб то соли 2023 амал мекунад. Дар мавсими имсола Иброҳимович дар ҳайати «Милан» дар чемпионати Италия чор бозӣ анҷом дода, дар он як гол задааст. Иброҳимович қисмати зиёди мавсимро аз сабаби осеб доштан аз даст дод. 

Дар ҳоли ҳозир «Милан» бо касби 56 имтиёз дар ҷадвали мусобиқоти қаҳрамонии Италия дар ҷои чаҳорум қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив