LIVE

Златан Иброҳимович пас аз 280 рӯзи табобат дар ҳайати «Милан» бозӣ кард

Ҳамлагари «Милан» Златан Иброҳимович пас аз 280 рӯзи табобат вориди майдон шуд. Ин дар бозии даври 24-уми Серияи А бо «Аталанта» (2:0) рух дод. шведӣ дар дақиқаи 74-ум ба майдон баромада, ҳамлагари фаронсавӣ Оливйе Жируро иваз кард.

Ёдовар мешавем, ки дар моҳи май Иброҳимович ҷарроҳӣ шуда, пас аз он раванди барқароршавӣ тул кашид. Ҳамлагари шведӣ дар мавсими гузашта дар ҳайати “Милан” 27 бозӣ анҷом дода, 8 гол ва 3 партофти головар кардааст.

«Милан» 47 хол ба даст оварда, дар чадвали мусобика бо харифи асосии худ — «Интер»-баробар шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив