LIVE

«Милан» рӯзи муаррифии Иброҳимовичро эълон кард

Маросими муаррифии ҳамлагари ҷадиди тими «Милан» - Златан Иброҳимович рӯзи 3-юми январ баргузор мешавад. Шартномаи форварди шведӣ бо тими итолиёвӣ то охири мавсим пешбинӣ шудааст. Рӯзи 2-юми январ ҳамлагари 38 сола озими Милан гашта, аз ташхиси тиббӣ мегузарад. Эҳтимолияти аввалин ҳунарнамоии Златан Иброҳимович бо пироҳани тими «Милан» баъд аз бозгашташ рӯзи 6-уми январ рух диҳад. Зеро дар он рӯз дар даври 18-уми Чемпионати Италия «Милан» дар варзишгоҳи  «Сан-Сиро» бо  «Сампдория» рақобат мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив