LIVE

“Милан” Иброҳимовичро раҳо намекунад

“Милан” ва Златан Иброҳимович дар мавриди тамдиди шартнома то соли 2021 ба мувофиқа расиданд.  
Тибқи иттилои манбаъ, Иброҳимович бо маоши 6 миллион евро дар як сол ва мукофотпулии 500 ҳазор еврои дигар дар қарордод соядаст мегузорад. Инчунин  агар “Милан” ба Лигаи чемпионҳо роҳ бад,  Иброҳимович боз 500 ҳазори дигар мегирад. 
Иброҳимович моҳи январи соли 2020 аз “Лос-Анҷелес Галакси” ба клуби итолёвӣ баргашт.  Дар мавсими гузашта, ҳамлагари маъруфи шведӣ дар 18 бозӣ, 10 гол зад. Ин нишонзан аз соли 2010 то 2012 низ шарафи бошгоҳи “Милан”-ро ҳимоя кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив