LIVE

Месси голи 800-уми худро дар фаъолияти касбии худ ба ҳадаф расонид

Лионел Месси дар бозӣ бо тими миллии Панама гол зад. Ҳамлагари аргентинӣ голи 800-умро дар фаъолияти касбии худ ба қайд гирифт. Дар тӯли фаъолияти клубиаш Месси тавонистааст 701 маротиба, дар тими миллӣ 99 маротиба гол занад.

Ёдовар мешавем, ки тимҳои миллии Аргентина ва Панама бозии дӯстона анҷом доданд. Сохибони вохурӣ бо хисоби 2:0 галаба карданд. Дар дақиқаи 89-ум ҳамлагари ПСЖ Лионел Месси голи дуюми дастаашро зада, ҳисоби ниҳоиро ба қайд гирифт.

Лионел Месси аз соли 2005 ба тими миллии Аргентина даъват мешавад. Бо ин даста ӯ дар Ҷоми ҷаҳон-2022 дар Қатар қаҳрамони ҷаҳон шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив