LIVE

Месси дар 80 соли охир аввалин аргентиние гардид, ки...

Лионел Месси дар 80 соли охир аввалин аргентинӣ шуд, ки дар як бозӣ 5 гол зад.

Мунтахаби Аргентина дар бозии дӯстона, ки дар Памплонаи Испания баргузор шуд, бар Эстония бо ҳисоби калон пирӯз шуд. Вохӯрӣ бо ҳисоби 5:0 анҷом ёфт. Ҳамаи панҷ голро капитани мунтахаби Аргентина Лионел Месси ба самар расонид.

Месси дар таърих танҳо сеюмин аргентинӣ шуд, ки дар як бозӣ ба тими миллии кишвар 5 гол задааст. Дар соли 1941 Хуан Марвесси бар муқобили Эквадор пента-трик кард ва соли 1942 Хуан Мануэл Морено ба дарвозаи ҳамон эквадориҳо панҷ гол зад, хабар медиҳад Матч ТВ.

Мессии 34-сола дар ҳайати тими миллӣ 86 гол дорад. Аз рӯи ин нишондод ӯ аз Ференс Пушкаш (84)  пеш гузашта, ҷойи 4-умро  гирифт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив