LIVE

Лионел Месси голи 700-уми худро дар сатҳи клуб зад

Ҳамлагари ПСЖ Лионел Месси, ки дар бозии Лига 1-уми Фаронса ба дарвозаи “Марсел” гол зад, 700-умин голи худро дар сатҳи клубба қайд гирифт.

Истеъдоди аргентинӣ қисми зиёди фаъолияти худро дар "Барселона" гузаронидааст, ки дар ҳайати он 672 гол задааст ва дар ин дар ҳайати ПСЖ 28-умин голаш маҳсуб мешавад.

Месси барандаи ҳафткаратаи «Тӯби тиллоӣ» аст. Дар Ҷоми ҷаҳонии Қатар дар ҳайати тими миллии Аргентина унвони асосиро ба даст оварда, беҳтарин бозигари ин мусобиқа дониста шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив