LIVE

Дар 10 бозии мунтахаб Роналду 10 гол задааст, Месси чӣ?

Ҳамлагари “Ювентус“ ва мунтахаби Португалия Криштиану Роналду дар 10 бозии охиринаш бо тими миллӣ 10 гол аз бозӣ ба самар расонидааст. Дар ҳисоби ҳамлагари "Барселона" - Лионел Месси бошад,  дар ҷараёни бозиҳо бо пироҳани Аргентина ягон гол дарҷ нашудааст. Роналду дар мавсими солҳои 2020/21 дар ҳайати клуби Италия дар панҷ бозӣ шаш гол зада, 1 партофти головар анҷом додааст. Дар ҳайати тими миллӣ Роналду дар 168 вохӯрӣ 102 гол зад. Лионел Месси дар мавсими солҳои 2020/21 дар ҳайати “Барселона” 10 бозӣ гузаронида, шаш гол задааст ва чор партофти головар анҷом додааст. Барои тими миллии Аргентина ҳамлагар 140 вохӯрӣ гузаронида, муаллифи 71 гол маҳсуб мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив