LIVE

Криштиан Роналду боз рекорд гузошт

Криштиан Роналду аввалин ҳамлагар дар таърихи футбол гардид, ки дар миёни топ-5 Лигаи Аврупо 450 гол ба самар расонидааст. Ёдовар мешавем, ки дар даври 2-юми Серияи А форвард дар вохӯрӣ бо тими "Рома" ба задани ду гол даст ёфт (2: 2).
Дар бошгоҳи шоҳонаи "Реал Мадрид" Роналду ба задани 450 гол дар 554 бозӣ ноил гардидааст. Дар "Ювентус" вай дар Серияи А 55- гол ба ҳадаф расонидааст. Дар дастаи " Реал Мадрид"  ба задани 311 гол дар Ла Лига ва дар бошгоҳи " Манчестер Юнайтед" ба задани - 84 гол дар ПЛА ноил гардидааст. Рақиби асосии Роналду ҳамлагари аргентинии бошгоҳи "Барселона" Лионел Месси бошад, дар 486 бозӣ ба задани 445 гол мушарраф гардидааст.
Хотиррасон мешавем, ки Роналду тобистони соли 2018 аз тими "Реал Мадрид" ба бошгоҳи "Ювентус" гузариш кард. Мавсими ҷорӣ ҳамлагари 35-сола дар чемпионати Италия ду бозӣ гузаронида, ба задани се гол ноил гардидааст ва дар садри рӯйхати нишонзанҳои беҳтарин қарор дорад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив