LIVE

Иқболи варзишии Месси баландӣ кард

Ҳамлагари мунтахаби Аргентина Лионел Мессиро дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон -2022 қариб, ки  пояшро мешикастанд. Ҳимоятгари тими миллии Венесуэла Луис Мартинес бо ситораи асосии Аргентина бархӯрди сахт намуд.  Мартинес, ки зараби сахт ба пои рости Месси зад, аммо хушбахтона ба таври мӯъҷизавӣ Лионел осеби ҷиддӣ нагирифт. Бозигари венесуэлӣ барои ин кирдораш корти сурх гирифт. 
Ёдовар мешавем, ки дар бозии даври нӯҳуми марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон - 2022 дастаи Венесуэла дар меҳмонии Аргентина буд. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “олимпӣ” сурат гирифт ва бо пирӯзии тими миллии Аргентина бо ҳисоби 3:1 хотима ёфт. Лионел Месси 90 дақиқа дар майдон бозӣ намуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив