LIVE

Бозиҳои бе голи Месси бо пироҳани Аргентина идома дорад

Дар варзишгоҳи миллии шаҳри Лима вохӯрии даври 4-уми марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон - 2022 байни тимҳои миллии Перу ва Аргентина баргузор шуд, ки дар он меҳмонон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд. 
Тими миллии Аргентина дар дақиқаи 17-ум ҳисобро боз кард. Голи аввалинро Николас Гонсалес зад. Дар дақиқаи 28-ум ҳамлагари аргентинӣ Лаутаро Мартинес, ки дар “Интер”-и Милан бозӣ мекунад, бартарии меҳмононро дучанд кард. 
Бо ин пирӯзӣ тими миллии Аргентина дар ҷадвали гурӯҳ як зина боло рафт ва ҳоло бо 10 имтиёз дар ҷои 2-юм қарор гирифта, аз пешсаф - тими миллии Бразилия 2 хол камтар дорад. Перу бо 1 имтиёз дар зинаи 9-ум мавқеъ дорад. Ёдовар мешавем, ки ҳамлагари беҳамто Лионел Месси тӯли 90 дақиқа дар майдон буд ва ба задани гол даст наёфт. Месси бори охир дар бозии даври аввали интихобӣ ба дарвозаи Эквадор тавассути пеналтӣ голзанӣ намуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив