LIVE

Лионел бозингари "Хуҷанд" шуд

Дастаи "Хуҷанд" бо ҳимоятгари 28-солаи рус Лионел Адамс шартнома баст!
Лионел дар Санкт-Петербург таваллуд шудааст. Аз синни 7-солагӣ ба футбол машғул аст. Вай аз мактаби "Зенит" гузаштв, аз 15-солагӣ шомили  системаи ЦСКА-и Москва буд. Ӯ ба дастаҳои ҷавонони Русия ҷалб шуда буд.
Ҳимоятгар таҷрибаи бозӣ дар дастаҳое чун «Енисей», «КамАЗ», «Банантс» (Ереван) дорад, ки Лионел дар соли 2016 барандаи Ҷоми Арманистон шуда буд.
Дар Серседа (Испания), Ислоч (Беларус), Каспий, Туран (Қазокистон), Ван (Арманистон) низ бозӣ кардааст.
Лео мавсими гузаштаро дар ҳайати бошгоҳи «Будучност»-и Черногория гузаронидааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив